Сад дарего моҳи моҳон меравад,
Моҳи эҳсон моҳи раҳмон меравад.
Карда моро хамчун тифли бе гуноҳ,
Моҳи ҳақ аз хони эҳсон меравад.
Ҷисму ҷонро пок карда аз гунаҳ,
Пок сози калби инсон меравад.
Даҳаи авал ки раҳмат бор буд,
Рахм фзун карда хандон меравад.
Буд гунахсуз даҳаи магфираташ,
Карда фориг аз гунох он меравад.
З-оташи дузахт рахо карда хама,
Иткум минан нор алъон меравад.
Муъчиза офар шаби кадраш чи хуш,
Мохи имон мохи Куръон меравад.
Мехрубони карда бахримуслимин,
Мохи поки мохи мохонмеравад.