Агар дар зиндаги хори.Агар ранчуру бемори, Агар дар зери гам бори, Машав гамгин Худо дори. Агар чони чавонат сухт, Вучуду устухонат сухт. Агарчи хону монат сухт, Машав гамгин Худо дори. Агар рафт навчавониат, Нишоти зиндагониат. Агар рафт ёри чониат, Машав гамгин Худо дори. Агар гашти дур аз модар, Чудо аз хонаву дар. Балое агар расид бар сар , Машав гамгин Худо дори. Агарчи хонавайрони, Агарчи дида гирёни. Агар дар кунчи зиндони, Машав гамгин Худо дори. Агар рузи сиёх дори, Хазор фарёду ох дори. Бидон пушту панох дори, Машав гамгин Худо дори. Агар пои равон дори, Агар як пора нон дори. Намир бо ин дилафкори, Машав гамгин Худо дори....