Эй нури Худо, дар назар аст рўйи ту моро, Бигзор, ки дар рўйи ту бинем Худоро. То накҳаташ ҷонбахши ту ҷонбахши сабо шуд, Хосияти Исост дами боди саборо. Пеши ту дуо гуфтаму дашнпм шунидам, Ҳаргиз асаре беҳтар аз ин нест дуоро. Он рўз, ки таълими ту мегуфт муаллим, Бар лавҳи ту нанбишт магар ҳарфи вафоро? Ҳарчанд ки хубон ҳама дар роҳи ту хоканд, Ҳайф аст, ки бар хок ниҳӣ он кафи поро. Мехостам осуда ба кунҷе бинишинам, Болои ту ногоҳ барангаехт балоро, Гар ёд кунад майли Ҳилолӣ, аҷабе нест, Шоҳон, чӣ аҷаб, гар бинавозанд гадоро.