Куҷо васфи ту меорем ба ҷонамон, ё Расулаллоҳ,
Қалам оҷиз мемонад ба васфат, ё Расулаллоҳ.
Даруни кулбаи эҳзон ба ёди ту ҳаменолем,
Ки шояд як назар созӣ ба сӯймон, е Расулаллоҳ,
Ҳама халқон дар ин олам ба сӯи айш мекӯшанд,
Бигардон ин дили моро ба сӯят, ё Расулаллоҳ.
Ғариқи баҳри исёнем, зи кардаҳо пушаймонем,
Аҷаб шармандае ҳастем ба наздат, ё Расулаллоҳ.
Сарам дар болини марбут, забонам лол мемонад,
Ба номи ту шавад ҷорӣ забонмон, ё Расулаллоҳ.
Либос бе остин пушем, замони реҳлат аз дунё,
Савори аспи чӯбинем бигир даст, ё Расулаллоҳ.
Намози беазон хонанд,дар он соат ба ман имом,
Ба зери хок танҳоем шафоат кун, Расулаллоҳ,
Даруни гӯри торик ду малак пурсаид: “Дин чист?”.
Бигӯем: “Д