Ҳавои қалби ман абрист имшаб, Дилам дарёи хун бигрист имшаб. Ту аз ман мерави эй моҳи хубон, Чи созам оҳ, зулмонист имшаб. Намедонӣ чи шабҳо бе ту бигзашт, Марав як лаҳзае боз ист имшаб. Хумори буса мегирад лабамро Бубин, ки бистарам холист имшаб. Хаёли бо ту будан рафт аз даст, Ҷавонӣ саҳву нокомист имшаб. Паранде дар қафас мемирад, охир Дилам дар сина зиндонист имшаб. Ки меояд, ки хоҳад рафт аз ман, Ки ҷонам аз танам роҳист имшаб. Магӯ дигар, ки ҳазли Ишқ дард аст, Нигоҳе кун ҳамин кофист имшаб!!!