Борон, ки шудӣ, мапурс, ин хонаи кист? Сақфи ҳараму масҷиду майхона якест. Борон! Ту, ки аз пеши Худо меоӣ, Тавзеҳ бидеҳ, оқилу фарзона якест. Бо сураи дил, агар Худоро хондӣ, Ҳамду фалаку наъраи мастона якест. Аз қудрати Ҳақ ҳарчи гирифтанд ба кор, Дар хилқати Ҳақ Рустаму мурёна якест. Борон, ки шудӣ, пиёлаҳоро нашумор! Ҷому қадаҳу косаву паймона якест. Бар даргаҳи Ӯ чунки бияфтанд ба хок, Шеру шутуру палангу парвона якест. Ин бехирадон хеш Худо медонанд, Ин ҷо санаду қиссаву афсона якест. Гар дарк кунӣ, худат Худоро бинӣ, Даркаш накунӣ, Каъбаву бутхона якест.