Ба суи волидайн ҳаргиз магу уф, Чароғи умри худро ту макун пуф. Макун овозбаланди назди эшон, Ки ҳастан назди ту дуруза мехмон. Бидон қадри Падар Модар ту фарзанд, Ба хизматҳои онҳо сахт камар банд. Ба пешашон ниҳоди бурдаи нон, Ба пеши ту кабобу гушти бирён. Ба руи волидайн чашмат макун тез, Мазан бар чони худ ту ханчари тез. Ки буд он Модари бечора ғамхор, Падар буд рузу шаб баҳрат паи кор. Шуди имруз чавони паҳлавоне, Падар Модар заифу нотавоне. Ба тифлият нигаҳбони ту будан, Шабу руз аз паи нони ту буданд. Куни гар хор имруз ин амонат, Худо дорад туро хор дар қиёмат.