"ПАТЕНТ"- ВОЙ БАР ҲОЛИ МУҲОЧИР
Нархи патент қиммат шуд,
Бист ҳазору ҳафсад шуд.
Тоҷик баъзе кидат шуд,
Вой бар ҳоли муҳочир.
Замона дигаргун шуд,
Дилам аз ғусса хун шуд.
Каси бепул маймун шуд,
Вой бар ҳоли муҳочир.
Ҳам ташхиси пешоб шуд,
Хунсупори чун об шуд.
Ҳоли тоҷик хароб шуд,
Вой бар холи мухочир.
Аз руси имтихон шуд,
Аз мо балои чон шуд.
Хок бар сари "ду"-хон шуд,
Вой бар холи мухочир.
Пули руси арзон шуд,
Хазораш панҷ батон шуд.
Ана мурдан осон шуд,
Вой бар холи мухочир.
Хар мохаш чор хазор шуд,
Вой бар холаш бекор шуд.
Абдуллобой аз чон безор шуд,
Вой бар ҳоли муҳочир...
Роҳкиро ҳам дучанд шуд ,
Сари ҳама гаранг шуд.
Аз баҳри пул ҳам чанг шуд,
Вой бар ҳоли муҳочир.
Им