ҒАЗАЛ
Як лаҳза,ки ҳастӣ,умр ин аст,
Ин лаҳза ғанимату ширин аст.
Ҳар рӯзи ҳаëт азиз бишмар,
Кай донӣ,ки рӯзи охирин аст.
Дарëб муҳаббату вафое ,
Хуш банда ,ки меҳрофарин аст.
Қуръон бувадо саодати ту,
Ҳар ояти ӯ ганҷу нигин аст.
Ин ҳастӣ чаро насибаат шуд,
Як санҷиши Раббулоламин аст.
Камтар бинамо талоши дунë,
Андеш,ки марг дар камин аст.
Он чиз,ки Худо бихост,он шуд,
Хости ту на чунону на чунин аст.
Шукрона бигӯй Дилфигоро,
Оромиши қалб шукри Он аст.