Уқобам ман,сари худ хам,ба ҳеҷ каргас,нахоҳам кард,
Сухан бар нотавонбинони хору хас,нахоҳам кард.
Маро куштанд номардон ба ҳарфи ноҷавонмардӣ,
Ҷавон мемираму кори баде бар кас,нахоҳам кард.
Агарчӣ то кунун кардам хато аз рӯйи нодонӣ,
Хатойи кардаро дубора ҳаргиз пас,нахоҳам кард.
Шиъори ман бувад мардӣ ба рӯзи сахтӣ ҳамдардӣ,
Шиъори хешро то рӯзи маргам бас,нахоҳам кард.
Нашуд оне,ки мехостам агарчи гуфта будам ман
Дили худро ба ғамҳойи ҷаҳон маҳбас,нахоҳам кард.
Куҷо мегардӣ Маҳкампур,намегӯйи суроғи худ?
Агар ҳарчанд мекобам туро дастрас,нахоҳам кард.
✍️Ҷамшеди Маҳкампур.