🌴🌴🌴🌴🌴🌴🌴🌴🌴🌴🌴🌴
Бигзарад шодии умру дардҳам,
Лоларуйиву нигоҳи зардҳам,
Гармиҳоӣ қалбу фасли сардҳам,
Мардҳам мемираду номардҳам.
Шахси доро такя бар зар
мекунад,
Фахри молу хонаву дар мекунад,
Марг ҳоли мо баробар мекунад,
Мардҳам мемираду номардҳам.
Бигзарад мард гиря бинмояд ҷаҳон,
Гиря бинмояд ҳама хурду калон,
Бо тамоми ҳастию аз сӯзи ҷон,
Мардҳам мемираду номардҳам.
Лек номарде бимирад кам касе,
Гиря бинмояд зи пушти ӯ басе,
Мурдаҳам гӯянд,ки «буд як нокасе»!
Мардҳам мемираду номардҳам.
Мард бош дурӯяву бедил набош,
Бехабар дар ҳар кадом маҳфил набош,
Доимо чун зан,ту дар манзил набош,
Мардҳам мемираду номардҳам.
Мард бош,марди саховатпеша бош,
Марди донову пур аз