МАВЛУДИ ПАДАРҶОНИ ОҚИЛУ ДОНОЯМ МУБОРАК БОШАД ИЛЛОҲО САДСОЛА ШАВЕД ПАДАРҶОН.
Ту ҳастӣ оқилу доно,падарҷон,
Ту ҳастӣ одами зебо,падарҷон.
Зи пушти бачаи меҳнатқаринат,
Бигирӣ қоматат боло падарҷон.
Барои баччагони хеш ҳастӣ,
Ба мисли махзани тилло,падарҷон.
Миёни мардумон аз илму фарҳанг,
Ту ҳасти булбули гӯё, падарҷон.
Ба ёдам гар расад андарзҳоят,
Равам бар олами рӯъё,падарҷон.
Надори кинаи аҳли замона,
Дилат покаст чун дарё, падарҷон.
Дуои Акмали бечораро кун,
Ки бошад дасти ӯ боло падарҷон.
17.01.2026