Бохабар бош ки ин хок камар мешиканад,Зери девори лаҳад косаи сар мешиканад.На магас ёфт халоси,на пари анқое,Бол зан ҷониби мақсуд,ки пар мешиканад.Охири кор ҳама сарвхиромони ҷаҳон,Қади сарвона дар ин хон-дудар мешиканад.Куҳканвор дар ин водии ҳиҷрони алам,Раҳравон,тешазанон,лахти ҷигар мешиканад,Дилшикаста зи ғами санги маломат нашави.Шоҳи нахлат нигар,аз бори самар мешиканад,Чун сафедор макаш сар, ки дар ин боғи ҷаҳон,Қадат аз бе самари зарби табар мешиканад.