Бароям гиря кун имшаб,ки танҳо имшабам бо ту, Бароям гиря кун,фардо ба ҷуз ёде нахоҳад буд. Дигар аз лолаҳои гарми лабхандат намехоҳам, Ки бар ҷонам саропо чомае гулранг хоҳам буд. Бароям гиря кун,охир гули беранг мехоҳам, Намехоҳам,ки бе ман гар шави ашке бияфшони. Намехоҳам,ки бар гурам лаби меҳру сафо сойи, Ва ё бе ман намехоҳам, ки бе ёри дигар мони. Ба ёдам гиря хоҳи кард,ва ман ҳам гиря хоҳам кард, Туро дар хоб хоҳам дид,ва манро хоб хоҳи дид. Вале донам,ки як рузе, чу гирад дасти ту дигар, Намедонам чи хоҳам дид ва ту моҳтоб хоҳи дид. Ба руям буса зан имшаб,ки танҳо имшабам бо ту, Ба гайр аз имшабам,ин ҷо шаби дигар нахоҳад буд. Ҷаҳони шеър хоҳад буду номи Лайли Маҷнун, Валекин роҳрав