Рудакиро кур кардем бас набуд,
Бахти уро шур кардем бас набуд.
Бу Али Синои дармонбахшро,
Аз диёраш дур кардем бас набуд.
Ахмади Дониш нашуд болонишин,
Илми у бекор кардем бас набуд.
Давлати Сомониён барбод рафт,
Точиконро хор кардем бас набуд.
Инкадар бадбахтиву ноодами,
Борхо такрор кардем бас набуд.
Бас кунун игвогариву душмани,
Марги чандин гурамаргонам БАС аст.
Инкадар бадбахтиву ноодами,
Бар сари фарзанди инсонам бас аст.