Пайиз — фасли баргрезон ва хомӯшии дарахтон, фаслест, ки табиат ҷомаи рангҳои гармеро бар тан мекунад ва ҳар барг ёдгории лаҳзае аз ёдкарди падар аст. Ин аввалин пайизест, ки падар дар ҳалқаи мо нест; пайизе, ки на гармии дастҳояш ҳаст ва на овози гарм ва самимонааш, ки фазои хонаро пур аз амният кунад. Ҳар барге, ки ором бар замин меафтад, гӯё достоне аз набуданашро бозгӯ мекунад.
Дар ин сукути пайизӣ, лаҳзаҳо ба сустӣ мегузаранд ва ҳар насиме, ки дар шохаҳо мепечад, ҳасрате аз рӯзҳоеро бо худ меорад, ки шояд дар канори падар, сода ва бепарво аз канорашон гузашта будем. Набуданаш сангин аст; мисли ғуруби пайиз, ки сояҳоро тӯлонитар ва дилҳоро тангтар мекунад.
Ин пайиз барои мо маънои бозгаш