Аз бузурге пурсиданд: Рози ин умедвори ва оромише, ки дар вуҷудат дори чист? Гуфт: Баъд аз солҳо мутолиа ва таҷриба, тасмим гирифтам зиндагии худро бар панҷ асл бино кунам: Донистам ризқи маро касе намехурад, пас ором шудам. Донистам Худо маро мебинад, пас ҳаё кардам. Донистам, ки кори маро дигаре анҷом намедиҳад, пас талош кардам. Донистам, ки поёни корам марг аст, пас муҳаё шудам. Донистам, ки неки ва бади гум намешавад ва саранҷом ба суи ман боз мегардад, пас ба некиҳо афзудам ва аз бадиҳо кам кардам. Ва ҳар руз ин панҷ аслро ба худ ёдовари мекунам.