🍀____Дуздида чун ҷон меравӣ, андар миёни ҷони ман,
🍀____Сарви хиромони манӣ, эй равнақи бӯстони ман.
🍀____Чун меравӣ бе ман марав, эй ҷони ҷон бе тан марав,
🍀____В-аз чашми ман берун машав, эй шӯълаи тобони ман.
🍀____Ҳафт осмонро бардарам, в-аз ҳафт дарё бигзарам,
🍀____Чун дилбарона бингарӣ дар ҷони саргардони ман.
🍀____То омадӣ андар барам шуд, куфру имон чокарам,
🍀____Эй дидани ту дини ман, в- эй рӯи ту имони ман.
🍀____Бепову сар кардӣ маро, бе хобу хур кардӣ маро,
🍀____Сармасту хандон андаро, эй Юсуфи Канъони ман.
🍀____Аз лутфи ту чу ҷон шудам, в-аз хештан пинҳон шудам,
🍀____Эй ҳасти ту пинҳон шуда, дар ҳастии пинҳони ман.
🍀____Гул ҷомадар аз дасти ту, эй чашми наргис м