Расида Рӯзи Модар, Модарам нест,
Шукӯҳи Ид, дар бому дарам нест.
Ба ҷуз як каф дуъои гиряолуд,
Барояш армуғони дигарам нест.
*************
Расида Рӯзи Модар, ҳам баҳорон,
Ту эй Модар, ба зери хок пинҳон.
Зи дил сад гуфтаҳо дорам бароят,
Ба кӣ гӯям? Дареғо , Модари ҷон!
************
Расида Рӯзи Модар, Модари ман,
Шикаста қомату ,болу пари ман.
Ду чашми чор дорам, сӯйи гӯрат,
Куҷоӣ, эй ҳама баҳру бари ман?
*************
Ҳама дӯконҳо,дар айни ҷӯшанд,
Ба модардорҳо, гулҳо фурӯшанд.
Вале бе модарони мисли Парвон
Нигоҳи яъс доранду, хамӯшанд
*************
Аё Модар, туро табрик гӯён,
Намоям туҳфа аз оёти Қур'он.
Худо диҳад, ба ту аз тӯҳфаи худ,
Макони ту бувад дар ҷаннатистон!