Эй Худо бинмо мадад,бар холи паст афтодаам, Дех начот-Зоти бузургвор,дар шикаст афтодаам. Гарчи дар рохи ту мемонам кадамхо устувор, Хамнишини боданушу майпараст афтодаам. Хостам дар бахри орзухои дил созам шино, Лек мисли мохие бар доми шаст афтодаам. Дилбари фарёдрас фарёди дил нашнида рафт, Дар фироки дилбари фарёдрас афтодаам. Ман ба пои худ ба хости ту бихезам аз замин, Шукр месозам,агар чанде зи даст афтодаам. Лукмае то ки ба худ ёбам Худои мехрубон, Хамчу боз дар чусту чуи кабки маст афтодаам. Дарди Чамшед дар вучуди у на танхо дарди уст, Дарди у дарди тамоми Оламаст,афтодаам.