Сарватманде аз утоқаш ба берун нигоҳ кард ва мардеро дид, ки аз қуттии партов дунболи чизе мегардад ва бо худ гуфт: Худоро шукр, ки фақир нестам. Марди фақир атрофашро нигоҳ кард ва девонаеро бо рафторҳои аҷиб дар куча дид ва бо худ гуфт: Худоро шукр, ки девона нестам. Он девонанамо дар куча мошини ёрии таъҷилиеро дид, ки бо худ бемореро таҳвил медод ва гуфт:Худоро шукр, ки бемор нестам. Бемор дар беморхона ҷасадеро дид, ки ба сардхона мебаранд. Гуфт: Худоро шукр, ки зиндаам. Фақат як мурда наметавонад аз Худо шукргузори кунад. Чаро имруз аз Худо шукр накунем, ки як рузи дигар бароямон фурсати зиндаги кардан додааст? Барои ин, ки зиндагиро беҳтар фаҳмид, бояд ба се макон биравем. Бемористон,