Ту хушбахти? Ту холо дар кучои?
Шаби махтобу рохи кахкашонро,
Шукуфазори боги осмонро.
Ту гохе ёд меорию гохе хоб мебини.
Маро нодида хамтакдиру хамдил,
Шаби дидорро дар чехраи махтоб мебини.
Магу афсус чони ман,
Магу афсус бехуда!
Ту вакте зодаи умеди ман буди,
Чу тифли бесаропое туро мечустам аз дунё,
Туро мехостам хуршеди ман буди.
Ба ёдат гирд гаштанхои дунёро надонистам,
Нафас бигзашту хамчун сахфаи таквим кам гаштам.
Чу дар парвозхои бехуди болам шикасту рехт,
Худамро ёфтам аз рохи худфарсои бар гаштам.
Туро ман ёд кардам боз!
Туро фарёд кардам боз!
Кучои ту?
Бахори гул фишониро бо ки диди?
Ба ёди, ки зи сахро лола чиди?
Гуле чиди чавони ёдат омад?
Зи ман аз саргароне ёда