Эй соқиё мастона рав, он ёрро овоз деҳ
Гар ӯ намеояд бигӯ, он дил ки бурди боз деҳ.
Афтодаам дар кӯи ту, печидаам бар муи ту,
Нозидаам бар рӯи ту, он дил ки бурдӣ боз деҳ.
Бингар, ки муштоқи туам, маҷнуни ғамноки туам,
Гарчи ки ман хоки туам, он дил ки бурдӣ боз деҳ.
Эй дилбари зебои ман, эй сарви хушболои ман,
Лаъли лабат ҳалвои ман, он дил ки бурдӣ боз деҳ.
Моро ба ғам кардӣ раҳо, шарме накардӣ аз худо,
Акнун биё дар кӯи мо, он дил ки бурдӣ боз деҳ.
То чанд хунрезӣ кунӣ, бо ошиқон тезӣ кунӣ,
Худ қасди Табрезӣ кунӣ, он дил ки бурдӣ боз деҳ.
Аз ишқи ту шод омадам, аз ҳаҷр озод омадам,
Пеши ту бар дод омадам, он дил ки бурдӣ боз деҳ!