Эй мусалмонон надонам, то чи даврон омадаст,
Ин чи бедодиву бадбахтӣ, ба халқон омадаст.
Ин чи бедодиву бадбахтӣ дар олам, ки муставлӣ шудаст,
Аз барои ҷабру зулму бори исён омадаст.
Авратон бешарм гашта, кудакон пас беадаб,
Лофу кизбу беҳаёи бенамозӣ кори эшон омадаст.
Илмро қадре намонда олимонро ҳурмате, Вақти танбуру рубобу ною анбон омадаст.
Олиме аз дар дарояд бо ҳазорон илму фазл,
Таънаҳо созанд, ки муфлис аз пайи нон омадаст.
Золиме аз дар дарояд бо ҳазорон ҷабру зулм,
Хона ороянд, ки у аз пеши султон омадаст.
Дар замонаш неъмату мурғи кабоб оранду пеш,
Ки фалон ибни фалон имрӯз меҳмон омадаст.
Олимонро хор доранд золимонро бас азиз,
Лоҷарам бар халқ меҳнат.ҳамчу борон