Моҳрӯйу дилрабойи духтари раштонзамин,
Чун ситора дар самойи духтари раштонзамин.
Зеби маҳфил ҳаркуҷое хубруёнанду лек,
Аз хама хубон чудойи духтари раштонзамин.
Ростгӯю поктинат содайиву дилкаши,
Бо садокат Бо вафойи духтари раштонзамин.
Хар сахар чун куза бардас бахри Оби чашмасор,
Чун зи хона мебаройи духтари раштонзамин.
Дар миёни кӯҳсорон ҳамчу капке дар чаман,
Ту хиромон менамойи духтари раштонзамин.
Садҳазорон банда карди бо ду абруйи сиёҳ,
Чун махи нав хушлиқойи духтари раштонзамин.
Васфи ту натвон гуфтан бо қалам зеро, ки ту,
Чун санавбар бебаҳойи духтари раштонзамин.
Бо ҳама он зебу зинат ҳусни нотакрори худ,
Дар дилу хам дида ҷойи духтари раштонзамин.