Ман агар кофиру бедину харобам, ба ту чӣ?!
Ман агар масти майу шурбу шаробам, ба ту чӣ?!
Ту агар мустаиди навҳаву оҳӣ, чи ба ман?
Ман агар ошиқи сантуру рубобам, ба ту чӣ?!
Ту агар ғарқи намозӣ, чӣ касе гуфт чаро?
Ман агар вақти азон ғарқа ба хобам, ба ту чӣ?!
Ту агар лоиқи алтофи Худоӣ, хуш бош!
Ман агар мустаҳақи хашму итобам, ба ту чӣ?!
Дунё гарчӣ сароб аст ба гуфтори шумо!
Ман ба ҷид толиби ин куҳнасаробам, ба ту чӣ?!
Ту агар бӯи арақ медиҳӣ аз фарти хулус !
Ва ман ар роиҳае мисли гулобам, ба ту чӣ?!
Ман агар риш се теғ кардаам аз баҳри адаб,
Ва агар мӯниси ин желату обам, ба ту чӣ?!
Ту агар ҷуръахӯри бодаи Кавсар ҳастӣ?
Ман агар дурдикаши бодаи нобам, ба