Эй накхати бахори ман, субхат ба хайр бод,
Атри гули хумори ман, субхат ба хайр бод.
Шаб, ки канори мехри ту хуштар зи рўз хаст,
Бозой бар канори ман, субхат ба хайр бод.
Лабрези нури чилаат сахрои ёди ман,
Анвори лолазори ман, субхат ба хайр бод.
Шаб равшан аз хаёли ту дар дидагони чон,
Эй субхи интизори ман, субхат ба хайр бод.
Савдои ишки ту бувад дармони дарди дил,
Хамдарду гамгусори ман, субхат ба хайр бод.
Берангу бўст зиндаги, дур аз хаёли ту,
Маънои рўзгори ман, субхат ба хайр бод.
Ман, ки бахорпарварам, мегўямат зи шавк,
Эй накхати бахори ман, субхат ба хайр бод,
🍂🍁🍂🍁🍁🍂🍁🍂🍁🍂🍁🍂🍁
🌹☀️🌹🌄🌹☀️🌹🌄🌹☀️🌹🌄🌹☀️🌹🌄🌹☀️🌹