Ман гарибам, эй Худоё, чабр бар чонам макун, Аз фироки наздиконам дидагирёнам макун. Дасту пои солимам дех, то ки ёбам ризки худ, Пеши мардум мунтазири бурдаи нонам макун. Обрую эътиборам дех миёни одамон, Сархаму бе кадру киммат пеши ёронам макун. Нокасон аз беимони калби одам бишкананд, Пеши нокас мазлуму мухточу нолонам макун. Ту ба хар фарзанди ман одобу инсофаш бидех, Дар дами пирии ман дар куча сарсонам макун. Дорад уммеди калон аз рахматат Зебои ту, Эй Худо, асло чудо аз дину имонам макун.