Пазмони рӯи ту шудам,модар куҷо шудӣ,
Чашме ба сӯи ту шудам модар кучо шудӣ.
Овораи диёраму дурам аз ватан,
Лабташнаам ба чуи ту модар куҷо шудӣ.
Хобам намебарад,ки дар хоб бинамат,
Дар орзуи рӯи ту модар куҷо шудӣ.
Чун булбуле,ки навҳа дорад барои гул,
Аз ҳасрати бӯи ту модар куҷо шудӣ.
Ин қомати хамидаам рост буд чун Алиф,
Дол гашт бе дуои ту модар куҷо шудӣ.
Ҳеҷ нест бар сарам дигар монанди ту азиз,
Боре насиҳатгӯи ту модар куҷо шудӣ..
Далери Нур.15.06.2017.Красноярск.