Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки паёмбар (с) фармудаанд: «Ҳафт нафар аст, ки дар рӯзи Қиёмат дар зери сояи арши илоҳӣ қарор мегиранд ва аз гармои тоқатфарсои он рӯз дар амон мемонанд. Ҳоким ва пешвои адолаткор чавоне, ки чавонии худро дар ибодати Худованд сипарӣ кардааст. Марде, ки қалбаш вобаста ба масчид аст вақте, ки аз масчид хорич мешавад, интизор мекашад, то вақти намози дигар фаро расад ва боз ба масчид баргардад. (Муъмин дар масҷид монанди моҳии дар об эҳсоси оромиш кунад, аммо инсони мунофиқ дар масҷид монанди парандаеаст, дар қафас, талош мекунад аз қафас озод шавад. Пас, муъмин дар масҷид оромиш пайдо мекунад ва дӯст дорад, ки дар масҷид бошад ва мунофиқ, агар ҳам ба муқтазои замо