Бар шамъи Қуръони ҳаким парвона шав парвона шав, Хур бодаю хон Қуръони Ҳақ мастона шав мастона шав. Ҳиммат наммо дар зиндагӣ, монанди мардон бигзарӣ, Дар баҳри таърифи Худо дурдона шав дурдона шав. Гунгӣ чаро карӣ чаро бар муъҷизоти Зоти Ҳақ, Аз кавгҳо шав кавгтар Вамссофи он ҷонона шав. Пӯргу васофу, санову офарин бар Ҳақу бар алтофи ӯ, Ҳар рӯзу шаб, ҳар солу маҳ шокир ба соҳибхона шав. Пур хон салом пур хон дуруд бар сарвари Хайрулвуҷуд, Ту аз фироқи он Набӣ чун устуни Ҳаннона шав. Ҷон гир аз Қуръон бихон ҷонона шав ҷонона шав, Доим бар Қуръони Карим фарзона шав фарзона шав. Қуръон кушода парвоз кун ту аз Азал то бар Абад, Дар ишқи Ҳақ чун Ҷабраил девона шав девона шав. Хон ҳ