Субҳе, ки дамид, шом расид, умр фано шуд,
Ин зиндагии сода маро дарду бало шуд.
Мо фалсафаи ишқ нахондему надонем,
Омад шараре сӯхт вуҷудеву куҷо шуд?!
То чашми гунаҳгор надид лутфи Худоро,
Дар олами дурӯзаи мо чуну чаро шуд.
Дил гиряи дунё чу шунид дар шаби ҳиҷрон,
Девонаву навмеду чунин бе сару по шуд.
Дар зиндагии пурғаму дар қисмати нохуб,
Бар сӯйи само чашми ману дасти дуо шуд.
Султони ҷаҳон ишқ нагуфт, зулм раво дид,
Дар маҷлиси охири Худо зору гадо шуд.
Мо омадаем ишқ биҷӯему накӯӣ,
Чун ҳеҷ надонем, ки чиҳо буду чиҳо шуд.