ҲАВАСИ РАФТАНИ МАКТАБ ДОРАД!
Нархро паст кунед, баҳри Худо,
Инсоф ҳам хуб аст!
Кӯдаки камбағале маҳзун аст,
ки надонад бо чӣ ҳоле ӯ ба мактаб рафтан?
Гушнагиро ба фаромӯш бурда!
Дили ӯ шод кунед, ки ҳаваси рафтани мактаб дорад!
Ҳоли ҳарчанд на хубест варо,
Умед аз зиндагию одаму олам дорад,
Гарчӣ дар покию зебоӣ ба Зам - Зам монад,
Дар дили кӯчаки худ, оҳ, басо ғам дорад,
Дидаи нам дорад!
Дили ӯ шод кунед,
Дили ӯ шод кунед, ки ҳаваси рафтани мактаб дорад!
Пешатон омад агар
Ба дилаш гӯш кунеду зи нигоҳаш хонед,
Орзуҳои наҷибест варо.
Гуфтаниҳои зиёде ба дилу лаб дорад,
Ҳаваси рафтани мактаб дорад!
Шеър бар лаб дорад,
Шеър дар васфи Ватан, Модару Миллат дорад,
Ба Худо бовару бовар ба