Шабе пеши Худо бигристам зор: "Мусалмонон чаро зоранду хоранд?"
Нидо омад: "Намедонӣ, ки ин қавм
Диле доранду маҳбубе надоранд".
Ба он мўъмин Худо коре надорад,
Ки дар тан ҷони бедоре надорад.
Аз он аз мактаби ёрон гурезам,
Ҷавони худ нигаҳдоре надорад.
Адаб пирояи нодону доност,
Хуш он, к-ў аз адаб худро биёрост.
Надорам он мусалмонзодаро дўст,
Ки дар дониш фузуду дар адаб кост.
Хоки Ясриб аз ду олам хуштар аст,
Эй хунук шаҳре, ки он ҷо дилбар аст.
Куштаи андози Мулло Ҷомиям,
Назму насри ў илоҷи хомиям.
Шеър лабрези маъонӣ гуфтааст,
Дар санойи хоҷа гавҳар суфта