Дарёдиливу соҳили дарё ғанимат аст, Ҳам обшори шавқу таманно ғанимат аст. Варзобро чу варзише, гар ишқварз нест, Дар пои куҳ қомати боло ғанимат аст. Сарро ба санг мезанад амвочи гушнамаст, Сар руи сақфи синаи зебо ғанимат аст. Ин обро бубин, камари куҳ меканад, Гар то камар расидау, ҳаққо ғанимат аст... Маҳтоб руи мавчҳо зарҳал давонду рафт, Ин шабравию хилвати шабҳо ғанимат аст. Эй ҳечкас, ки дар ғами мансаб нахуфта, Бемансабии ошиқи шайдо ғанимат аст.