Ҳадиси фақр дар дафтар нағунҷад,
Ҳисоби ишқ дар маҳшар нағунҷад.
Аҷаб меоядам, к-ин оташи ишқ
Чӣ савдоест, к-андар сар нағунҷад.
Бурун неҳ пойи ҷон аз пайкари хок,
Ки ҷони пок дар пайкар нағунҷад.
Шаробе к-он шароби ошиқон аст,
Надорад ҷому дар соғар нағунҷад.
Бирав миҷмар бисӯз ар уд хоҳӣ,
Ки уди ишқ дар миҷмар нағунҷад.
Диле к-аз даст шуд з-андешаи ишқ,
Дар ӯ андешаи дигар нағунҷад.
Ҳар он дил, к-оташи ишқаш барафрӯхт,
Чунон гардад, ки андар бар нағунҷад.