Дило... Дило, дар сӯҳбате биншин, ки аз самъаш самар борад, Гурез аз ҳалқае он ҷо , ба эмонат хатар дорад. Бишав анбози он қалбе, ки ҳамроз аст бо қалбат, Бикан дилро з-он ёре ки ӯ майли дигар дорад... Бирав домони Модар гир, канори қиблагоҳат шин, Мунаввар ду ҷаҳон гардад, касе панди Падар дорад... Ҳамеша меҳрубонӣ кун, азиз дон волидайнатро , Бубин лутфи Худовандӣ, ҳама умрат гуҳар орад... Зи марги душманат асло макун шодӣ ки чун рӯзе, Пайи он рафтагони даҳр, руҳи ту ҳам сафар дорад. Канори беғамон ҳаргиз, магу ҳарфе зи андӯҳат, Канори он нафар биншин,ки бо андӯҳ набард дорад... Зи тақдири Худовандӣ, сабуру бо таҳаммул бош, Ки фарде дигаре бадтар, зи ту умре ба сар дорад...