Аз хандахои нозанин, дилам тамом мондааст, Аз харфхои шаккарин, дилам тамом мондааст. Дар ин чахони фитнагар, мехре ба кас надидаам, Аз ошикони бехтарин, дилам тамом мондааст. Аз хастаги ин дилам, бар ишк майле хам накард, Аз нозу рози махчабин, дилам тамом мондааст. Олам ачаб афсонавист, одам чи дар девонагист, Аз накшу нигору нигин, дилам тамом мондааст. Булбул,ки бо савти хушаш, побанди занчир гаштааст, Аз савту оханги ширин, дилам тамом мондааст. То кай мани бечорахол, бар душ бори гам кашам?! Чонам бар лаб шуд карин, дилам тамом мондааст....****