>>Ман умед аз васли ту, ай бевафо, кардам,
>>нашуд,
>>
>>Ман талаб аз ту фақат меҳру вафо
>>кардам, нашуд.
>>
>>Қалби сахти мисли хорои туро, бо сад
>>хато,
>>
>>Бар тариқи ишқварзи ошно кардам,
>>нашуд.
>>
>>
>>Кишвари дилро бикардам пок, аз фармони
>>акл,
>>
>>Ман туро дар қасри дил фармонраво
>>кардам, нашуд.
>>
>>Сад ҳазор афсус, ба ҷои ҷону дил бо сад
>>азоб,
>>
>>Ман туро, эй бевафо, дар хеш ҷо кардам,
>>нашуд.
>>
>>Медавиди аз паи ҳирсу хавасҳо ҳар
>>тараф,
>>
>>Хостам ёрам шави, сад илтиҷо кардам,
>>нашуд,
>>
>>Сухтам ман аз паи як руз дидор диданат,
>>
>>Ҷону дилро дар раҳат обу адо кардам,
>>нашуд.
>>
>>Ҷони хештанро бимондам ман гаравгони
>>ғамат ,
>>
>>Ҷо