Битарс ай банда аз рузи киёмат, Ба хар банда сад гуна халомат. Кади найза фарояд курси хуршед, Биларзад инсу чин аз вахм чун бед. Ба нафси худ шавад харкас гирифтор, Гами чон мехурад фориг зи агёр. Бародархо гурезан аз бародар, Писархо дар фирор оянд зи модар. Гурезад аз падар фарзанди ширин, Иморат кун ба зуди хонаи дин. Гурезад зан зи марду мард аз зан, Зи вахми рузи сахтии тоби гулхан. Хама шармандагихо аз дуруг аст, Чароги ростон доим фуруг аст. Ба дунё инкадар дорад хичолат, Чи бошад хичлати рузи киёмат.