Рузе,ки худравон худкора мешавем. Чун абри даргузар садпора мешавем. Аз бахри зиндаги овора мешавем. Бар кадри модарон он вакт мерасем. Гах бехудем мо аз шеваи шитоб, Бар номи модарон нанвишта як чавоб. Гохе, ки мерасад аз дардхо азоб, Бар кадри модарон он вакт мерасем. Чанде барои худ азми сафо кунем, Гум карда вактро тарки сахо кунем. Дар рохи зиндаги хар гах хато кунем, Бар кадри модарон он вакт мерасем. Рузе, ки гум шавад азми баробари, Афсона мешавад ёру бародари. Бар мо намерасад ин мехри модари, Бар кадри модарон он вакт мерасем