Ба руи санги қабри хоксоре Чунин ҳак гашта байти обдоре: "Маро бо хоҳиши худ нофариданд, Вале бо хоҳиши худ ҳам намурдам. Ҳар он чизе , ки аз дунё гирифтам, Ба дунё боз чун қарзаш супурдам." Ба санги обшуста, лайсу хамвор, Чунин лавҳест аз ёри вафодор: "Ба тори қуллаҳо фарёд кардам, Ҷавонии туро ман ёд кардам, На ту боз омадию на ҷавони, Ба байте сангро обод кардам". Бидидам дар яке болори хона, Чунин дубайти аз уссто нишона: "Биё, меҳмони ман шав, эй бародар, Гулистон кун даме кошонаи ман. Биё ҳар гох, дасти холи, аммо Дили холи наё бар хонаи ман". Ба даври шаҳ сутунихонақоҳе, Чунин шаҳбайт аз оқил гувоҳе "Намеарзад барои молу мансаб Бародарзода бифребад бародар. Чу мо фарзанди куҳҳои балан