Барои Уммат дуо кунед
Эй, Аллоҳ! Эй, Парвардигори мӯъминон, Ҳимоятгари заифон, эй, сарнагункунандаи золимон, ҷинояткорон ва мағрурон... Эй, Қавӣ ва Тавоноӣ том, эй, Соҳиби бузургӣ, ҷалол ва камол... Эй, оне ки медони, ки ҷонҳо чӣ пинҳон мекунанд, ва дар осмонҳову замин ва миёни онҳо ҳеҷ чиз бар Ту пӯшида нест ...
Эй Аллоҳ! Мо аз ту бо номҳои зебои ту ва сифатҳои олии ту хоҳиш менамоем, мо бо ҳамаи номҳое, ки Ту ба Худ гузоштаи ё пинҳон кардаи, хоҳиш мекунем... Эй, Нури замин ва осмон, эй, Бахшанда, Меҳрубон! Эй, меҳрубонтарини ҳамаи меҳрубонон, эй, Дорандаи тахти пурҷалол, агар Ту ҳар чизеро бихоҳи - «бош» мегӯи, ва мешавад...
Эй Аллоҳ! Ҳамоно, ҳама дарвозаҳо бастаанд, ба ғайр дарвозаҳои