Даме бегам ба сар бурдан чахон яксар намеарзад,
Ба май бифрўш далки мо, к-аз ин бехтар намеарзад.
Ба кўйи майфурушонаш ба чоме барнамегиранд,
Зихи сач,ч,одаи так,во, ки як согар намеарзад.
Рак,ибам сарзанишх,о кард, к-аз ин боб рух бартоб,
Чи афтод ин сари моро, ки хоки дар намеарзад.
Шукўх,и точ,и султонй, ки бими ч,он дар ў дарй аст.
Кулох,е дилкаш аст, аммо ба тарки сар намеарзад
Чй осон менамуд аввал гами дарё ба бўйи суд,
Галат кардам, ки ин тўфон ба сад гавх,ар намеарзад.
Туро он бех,, ки рўйи худ зи муштокон бипўшонй,
Ки шодии чах,онгири гами лашкар намеарзад.
Чу Х,офиз дар к,аноат кушу аз дунёи дун бигзар,
Ки як ч,ав миннати дунон дусад ман ч,ав намеарзад