Хоҳарам боиффату мастур бош, Аз масири бадсириштон дӯр бош. Дар сарои донишу фархангу ҳуш, Чун чароғ андар шаби торик бош. Дар паи таклиди берунӣ марав, Аз шиори аҷнабиҳо дӯр бош. Эй ки дорӣ иффату покизогӣ, Дар шарофат хам навои Ҳур бош. Гавҳари ахлоқ ҳастанд ифтихор, В-аз китоб омодаи дастур бош. Аз сумуми беҳаёи бар хазар, Дар макоми модари мащҳур бош. Даст аз ғафлат макун ҳарсӯ дароз, Дар ҳарос аз лонаи занбур бош. Аз фарози қуллаи инсоният, Раҳнаварди корвони нур бош. Риштаи тазвири душман бигсилон, Бар ҳиҷобат хоҳарам масрур бош