ҶАВОБҲОИ ХИРАДМАНДОНАИ ЛУҚМОНИ ҲАКИМ
Аз Луқмони Ҳаким пурсидам, ки донотар кист?
Гуфт:
– Он, ки неъмати дунё ба уқбо (қиёмат) нагузинад.
Гуфтам:
– Тавонгартар кист?
Гуфт:
– Он ки аз ақл тавонгартар аст.
Гуфтам:
– Шараф чист?
Гуфт:
– Воҷиб гардонидани мунтаҳои худ дар гардани мардумон.
Гуфтам:
– Чист он, ки ҷӯянд ва касе надонаду нашносад?
Гуфт:
– Оқибати корҳо.
Гуфтам:
– Чӣ ширин аст, ки оқибат чашандаи хешро бикушад?
Гуфт:
– Ҳасад!
Гуфтам:
– Кадом биност, ки ҳаргиз хароб нашавад?
Гуфт:
– Адл.
Гуфтам:
– Кадом талхӣ бошад, ширин гардад?
Гуфт:
– Сабр.
Гуфтам:
– Кадом ширин бошад, ки охир талх гардад.
Гуфт:
– Шитоб.
Гуфтам:
– Кадом пироҳан аст, ки ҳаргиз кӯҳна нагардад?
Гуфт:
– Номи нек.
Гуфт