Имруз касе махрами асрори касе нест,
Мо тачриба кардем касе ёри касе нест.
Хар марди шутурдор Увайси Карани нест,
Хар шишаи гулранг акики Ямани нест.
Хар сангу гиле гавхари ноёб нагардад,
Хар Ахмаду Махмуд расули мадани нест.
Бар мурдадилон панд мадех хеш маёзор,
Зеро,ки Абу-Чахл мусалмон шудани нест.
Бо марди Худо панча маяфкан чу Намруд,
Ин чисми Халил аст,ки оташ задани нест.
Хушнуд машав душманат агар кард мухаббат,
Хандидани Чаллод зи ширин сухани нест.
Чое,ки бародар ба бародар накунад рахм,
Бегона барои ту бародар шудани нест.
Сад бор агар доя ба тифли ту дихад шир,
Гофил машав эй дуст,ки модар шудани нест.