Ман рузааму майл ба ифтор надорам, Бо рузахурон куввати гуфтор надорам. Хохам, ки ба як мох хама гушна нишинам, Аз гушнагиям шикваю озор надорам. Зеро, ки гунохони ман аз муй фузун шуд, Бо сад гунахам окибати кор надорам. Шайтоннафаси, суи ман асло манигар ту, Ман майл ба шайтону гунахкор надорам. Аз чор чихат нафси аммора хама куфл аст, То Ид чуз аз тавба дигар кор надорам. Ман рузааму майл ба ифтор надорам, Бас, бас ки дигар фурсати такрор надорам.