ТАШАККУЛИ ШУУР ВА ҲАЛЛИ ДУРУСТИ ТАЗОДҲОИ ИҶТИМОӢ – СИЁСӢ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР
Инсоният дар тӯли таърих ҳамеша кӯшидааст, ки шароити беҳтари зиндагиро барои хеш фароҳам оварад. Асри XXI ба ҷуз аз пешрафти илму техника ва осон намудани ҳалли проблемаҳои шахсӣ ҳамзамон, тавонистааст тазодҳои гуногуни сиёсӣ ва муносибатҳои печида, ҷангҳои байнигурӯҳиву таҳмилӣ ва як қатор нобасомониву нобаробариро ба вуҷуд оварад. Яъне, дар ҳоли ҳозир зиракии сиёсӣ, ҳифзу арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу инсонӣ, талош барои сазовор зистан бештар аз пештар лозим меояд.
Барои давлатҳои хурде, ки қудрату тавоноии камеро соҳибанд, бояд роҳи муборизаи сермасраферо, ки давлатҳои абарқудрат пеш гирифтаанд, созмон диҳанд. Яго