ХУДОВАНД (ҶҶ) РӮЗИРАСОН АСТ Дар соле, ки бемории тоъун омада буду қаҳтӣ бедодӣ мекард ва мардум чун имрӯзи мо ҳама зонӯи ғам ба бағал гирифта буданд, марди орифе аз кӯчае мегузашт, ғуломеро дид, ки бисёр шодон ва хушҳол аст, ба ӯ гуфт: "Чӣ тавр дар чунин вазъе механдӣ ва шодӣ мекунӣ?" Ғулом ҷавоб дод, ки ман ғуломи арбобе ҳастам, ки чандин галла ва рама дорад ва то вақте барои ӯ кор мекунам, рӯзии маро медиҳад. Пас чаро ғамгин бошам дар ҳоле ки ба ӯ эътимод дорам. Ориф, ки аз орифони бузург буд, гуфт: "Аз худам шарм кардам, ки ғулом ба арбобе бо чанд гӯсфанд таваккал карда ва ғам ба дил роҳ намедиҳад ва ман Худое дорам, ки молики тамоми дунёст ва нигарони рӯзии худ ҳастам". Аз "Аҳодис ва қис